Хатлон: 600 оилаи паноҳҷӯ аз Афғонистон соҳиби ҷойи зист мешаванд
Дар деҳаи Саноати ҷамоати деҳоти Золи Зари (Узуни собиқ) ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои паноҳҷӯёни эҳтимолии Ҷумҳурии исломии Афғонистон хаймаҳои муваққатӣ барои зиндагӣ месозанд.
Муродҷон Муҳиддинов, корманди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки мумкин то 600 оила дар хаймаҳо ҷой карда шаванд. Ӯ мегӯяд, ҳоло сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ рафта истодааст. Урдугоҳҳои муваққатӣ бо дастгирии молиявии созмонҳои байналхалқӣ бунёд мешаванд.
“Хаймаҳои муваққатӣ бо тамоми шароит барои зиндагӣ таъминанд. Ҳаммом, ташноб оби гарму хунук ва ҷойи пухтани хӯрок доранд. Хати барқ низ кашида шудааст”,- афзуд ӯ.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Афғонистон баъди ба сари қудрат расидани Толибон ба ҳар кишваре паноҳанда шуданд. Дар Тоҷикистон низ шаҳвардони ин кишвари ҷангзада ҳамчун гуреза зиндагӣ доранд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ