Хатлон: 99 корхона дар як сол аз кор монд. Чаро?
Соли 2021 дар вилояти Хатлон кам не, 99 корхона тамоман фаъолият накардааст. Мутаассифона, дар баробари ин 20 корхонаи дигар солҳо боз фаъолият намекунанд.
Бобоҷон Алихонов, сардори Раёсати саноат ва сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки феълан дар вилояти Хатлон 641 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудааст. Ӯ мегӯяд, ки мутаассифона, аз ин шумора 99 корхона дар соли 2021 фаъолият накарда, 20 корхонаи дигар солҳо боз бозмондаанд.
Ба қавли ӯ, сабаби асосии фаъолият накардани корхонаҳои мазкур муфлисшавӣ будааст: “Шумораи корхонаҳое, ки соли 2021 фаъолият накардаанд, бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон — 13 адад (5 бозмонда), Кӯлоб — 8 адад (1 бозмонда), Левакант — 7 адад (3 бозмонда) ва Бохтар — 4 адад (1 бозмонда) мебошанд. Аз ҳисоби фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсолӣ дар вилояти Хатлон 574 нафар ҷойи кории хешро аз даст додаанд”.
Рӯзномаи “Тоҷикистон” дар нишастҳои хабарӣ аз раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вобаста ба фаъолият накардани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва бозпас гирифтани онҳо аз соҳибкорон суол кард ва посухҳо гуногун буданд.
Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти хабарии хеш гуфт, ки соли 2021-ум 3 корхона фаъолият накардааст.- Сабаб — ин фармоиш надоштан аст,- афзуд вай. Ӯ мегӯяд, ки дар шаҳр 10 корхонаи собиқи саноатӣ хусусӣ карда шуда, вале қисман фаъолият мекунанд: “Соҳибмулконро чанд маротиба огоҳ намудем. Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳам пешниҳод намудем. Аммо барои бозпас гирифтани корхонаҳо аз соҳибмулкон мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ваколат надорад”.
Аммо, дар ҳамин ҳол, Бунафша Файзиддинзода, раиси шаҳри Левакант иддао кард, ки агар дар муҳлати муайяншуда корхонаҳои бозмонда аз фаъолият фаъол карда нашаванд, албатта корхона аз соҳибмулк бозпас гирифта мешавад. Ӯ мегӯяд, ки соли 2021 дар шаҳри Левакант ҳашт корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам карданд.- Боз чанд корхонаи дигар тамоман фаъолият накардаанд,- афзуд вай.
“Набудани ашёи хом, надоштани маблағи гардон, набудани харидор сабаби аз фаъолият бозмондани корхонаҳо мебошад. Бо ҳамин сабабҳо ҳоло баъзе аз корхонаҳо дар ҳолати таҷдид қарор доранд”,-гуфт ӯ.
Ҷамшед Саидзода, раиси ноҳияи Ёвон дар нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2021 гуфт, ки баъзе аз корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кардаанд: “Ба пуррагӣ аз дасти соҳибмулк гирифтани корхона кори якрӯза нест. Инҷо қонун аст. Вале беҳтараш ин аст, ки мо корбариро бештар кунем, то дигар самтҳои технологиро ба роҳ монанд”.
Мутаассифона, Ҷамшед Саидзода мушаххас нагуфт, ки чанд корхона ва бо чӣ сабабҳо аз фаъолият бозмондаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шумораи корхонаҳои аз фаъолият бозмонда дар соли 2021-ро 13 адад ва корхонаҳои бозмондаро се адад гуфтанд.
Барои маълумоти бештар гирифтан аз вазъу ҳолати корхонаҳои истеҳсолии вилояти Хатлон хостем бо масъулини шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон суҳбат кунем. Барои мусоидат кардан ба шуъбаи иттилоотии мақомот муроҷиат намудем. Мутаассифона, бо гузашти бештар аз як моҳ то ҳол ба мо посух надодаанд.
Ҳамасола дар вилояти Хатлон корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ сохта шуда, бо тантанаву шукуҳ ба истифода дода мешаванд. Вале бо гузашти андак вақт баъзе корхонаҳо аз фаъолият бозмемонанд. Бо ҳамин, ба қавле фаромӯш мешаванд, ки аз ин сабаб миллионҳо сомонӣ ба буҷет ворид нашуда, чанд нафар ҷойи кории хешро аз даст медиҳанд.
Феълан дар Тоҷикисон солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон шудааст ва ин тасмим барои саноатӣ кардани кишвар заминаи хубе фароҳам мекунад. Вале барои боз ҳам бештар кардани корхонаҳои воқеан саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир талошҳои зиёд бояд кард.
Дар вилояти Хатлон корхонаҳои як замон овозадор кам нестанд. Агар масъулин дубора он корхонаҳоро барқарор кунанд, сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад, ки ин дар рушди босуръати кишвар нақши созгор хоҳад гузошт. Вале аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бештар аз 30 сол мегузараду мутаассифона, ҳанӯз аз фаъол шудани бештаре аз корхонаҳои азим дараке нест.
Чаро?
Машраби АЛОВИДДИН, “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ