Хатлон: Аз ҳодисаҳои нохуш талафот нест, ҷароҳат ҳаст
Давоми соли равон дар вилояти Хатлон аз сабабҳои риоя накардани ҳолатҳои бехатарӣ ду ҳодисаи нохуш рух додааст. Хушбахтона, дар ҳар ду ҳолат талафоти ҷонӣ набуда, ду нафар ҷароҳат бардоштаанду халос.
Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки аз аввали сол то имрӯз дар истеҳсолот ягон ҳолати фавти кормандон сабт нашудааст.
— Танҳо ду нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар самти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ талафот нест. Дар дигар соҳаҳо мумкин бошад,- мегӯяд вай.
Ӯ мегӯяд, ки соли 2021 аз риоя нашудани ҳолатҳои бехатарӣ 14 ҳодисаи нохуш рух дода буд.
— Мутаассифона, шаш ҳолати фавт доштем. Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 30 нафар шахсони масъул наздики 40 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд,- афзуд Ҳамза Бобозода.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ