Хатлон: ба 256 қарори раисон эътироз оварда шудааст
Дар шаш моҳи соли равон ба 225 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо оид ба замин эътироз оварда шудааст, ки 92 эътироз ба раисони амалкунанда тааллуқ дорад.
Ин нукта имрӯз, 26-уми июли соли 2023 дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон зикр карда шуд.
Абдураҳим Раҳимзода, прокурори вилояти Хатлон гуфт, ки бо натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” аз ҷониби прокуророн ба 256 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бинобар хилофи талаботи қонун будан эътироз оварда шудааст. Ӯ афзуд, ки қисми зиёди қарорҳое, ки эътироз оварда шудаанд, ба масъалаи замин алоқаманд мебошанд. Ба таъкиди вай, 92 эътироз ба қарорҳои раисони амалкунанда вобаста мебошанд.
“Аз ҳама бештар қарорҳои вобаста ба додани замин дар ноҳияҳои Кӯшониён — 34 ҳолат, Восеъ — 17, Муъминобод — 15, Балҷувон — 15, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 12, Ҷалолиддини Балхӣ — 12 ва Ховалинг — 12 қарор бекор карда шудааст”,- афзуд ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ