Хатлон. Ба кишти пахта оғоз карданд

Имрӯз, 14 марти соли равон, дар вилояти Хатлон ба кишти пахта оғоз карданд.

Вилояти Хатлон дар кишвар яке аз минтақаҳои асосии кишту истеҳсоли пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи нақша имсол дар майдони 120 ҳазору 500 гектар замин пумбадона кишт карда мешавад. Аз майдони умумии кишти пахта, дар 41 ҳазор гектар пумбадона бо усули нав, яъне дар зери плёнка кишт мешавад.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ниёзмуҳаммад Бегови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маъракаи кишти пахта оғоз бахшид. Ӯ ба масъулин ва кишоварзон дастур додааст, ки деҳқонон тибқи нақша масоҳати кишти пахтаро васеъ карда, дар баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ муваффақ шаванд.

Ҳамчунин Давлаталӣ Саид таъкид кардааст, ки замин самараноку оқилона истифода карда шавад ва қоидаҳои агротехникӣ пурра риоя гардида, дар истифодаи нуриҳои минералӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image