Хатлон: Беш аз 1800 нафар бо кор таъмин шуданд
Дар се моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 118 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардидааст. То охири сол баргузории беш аз 180 ярмаркаи дигар дар назар дошта шудааст.
Қобилҷон Файзализода, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар ин ярмаркаҳо беш аз 1 ҳазору 500 корхонаи гуногун ҷойи кории холӣ пешниҳод карда буданд. Ӯ мегӯяд, аз ҷониби масъулини коргоҳу корхонаҳои ҳудуди вилояти Хатлон наздики 2 ҳазору 670 ҷойи корӣ барои корҷӯён пешниҳод карда шуд.
“Аз ҳисоби ташкил ва гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар се моҳ ба беш аз 2 ҳазору 100 нафар роҳхат дода шудааст. Ҳамчунин дар маҷмуъ беш аз 1 ҳазору 830 сокин бо кор таъмин шудаанд, ки аз ин наздики 700 нафарашон занон мебошанд”,- гуфт ӯ.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ