Хатлон: безараргардонӣ барои пешгирӣ аз бемориҳо
Ба хотири пешгирии интиқолу пайдоиши короновирус дар Муассисаҳои таълимӣ, масчидҳо, ҷойҳои ҷаъиятӣ ва ҷодаҳои мошингард корҳои дезинфексионӣ гузаронида шуд.
Ба иттилои Абдураҳимзода Каримхон, дирктори Маркази назорати санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон, барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна бемориҳои сироятӣ, чандест дар муассисаҳои таълимӣ, масчидҳо, бозорҳо, роҳҳо ва ташкилоту идораҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида мешавад.
Ӯ гуфт, то имрӯз дар бештар аз 1 ҳазору 770 масчиду муассисаи таълимӣ, роҳҳои мошингарду пиёдагард ва ташкилоту идораҳои гуногун корҳои безараргардонӣ гузаронида шуд.
Ба хотири боло бурдани сатҳи огоҳии мардум миёни онҳо суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, ҳамчунин беш аз 2 ҳазор варақаҳои иттилоотӣ дастраси сокинони вилоят гардидааст.
Бо тастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, минбаъд низ гузаронидани чунин корҳои безараргардонӣ идома дода мешаванд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ