Хатлон: Бунёди 3500 иншоот дар 3 сол
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазору 250 иншооти таъиноти гуногун сохта мешавад. Аллакай нақша беш аз 50 дарсад иҷро шудааст.
Дар соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 ҳазору 240 иншооти таъиноти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Аз соли 2022 то соли 2024 бошад, 3 ҳазору 500 бино ва иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Мувофиқи нақшаи 35 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохтмони 6 ҳазору 260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Pressa.tj хабар доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ