«Хатлон» дар ҷойи аввал қарор гирифт, «Равшан»-и Кўлоб пирўз шуд
Рўзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бозиҳои даври сеюми Coca-Cola-Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо баргузории чор вохўрӣ натиҷагирӣ шуд.
Дастаи “Хатлон”-и Бохтар пас аз натиҷагирии се даври бозиҳо дар садри ҷадвал қарор гирифт. Ин даста бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар ду бозӣ пирўз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дода, аз 9 холи имконпазир ҳафт хол ба даст овард. “Хатлон” дар даври сеюм бар “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 пирўз шуд. Ҳисобро Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 43 ба нафъи “Эсхата” кушод. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 69 ҳисобро баробар кард. Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 84 боз ҳам «Эсхата»-ро ба пеш баровард, вале Тони Бикатал дар дақиқаи 88-ум ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+1 ду гол зада, ғалабаи дастаи шаҳри Бохтарро таъмин карданд.
Дар бозиҳои дигар “Файзканд” бо “Хуҷанд” мусовӣ (0:0) бозӣ карда, “Равшан”-и Кўлоб дар меҳмонӣ бар “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва аввалин пирўзиашро ҷашн гирифт. “Равшан”-и Зафаробод дар майдони худ аз дастаи КМВ Артиш бо ҳисоби 0:2 шикаст хўрд. Бозиҳо бо ширкати дастаи «Истиқлол», ба далели дар Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат кардани ин даста, ба вақти дигар гузаронида шуданд.
Дар даври 4-уми Чемпионати футболи Тоҷикистон, ки рўзҳои 23 ва 24-уми апрел ба нақша гирифта шудааст, “Равшан” (Кўлоб) бо “Равшан” (Зафаробод), “Истаравшан” бо “Регар-ТадАЗ”, “Хуҷанд” бо КМВ Артиш ва “Файзканд” бо “Хатлон” вомехўранд.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ