Хатлон: Дар моҳи январ 7 корхонаи нави саноатӣ ба кор дароварда шуданд

Саноатчиёни вилояти Хатлон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар моҳи январи соли 2022 ба маблағи 819 миллиону 133,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 59 миллиону 435 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро дар сатҳи 7,8 фоиз таъмин намудаанд.

Ин нукта зимни ҷаласаи Шӯрои вилоятии рушди саноат, ки таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, зикр ёфтааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, дар ин ҷаласа, ки ҳамчунин натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар моҳи январи соли ҷорӣ баррасӣ шуд, муовини якум, муовинон, роҳбарияти дастгоҳи раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.

Нахуст, гузориши муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода шунида шудааст. Қайд гардидааст, ки дар моҳи январ рушди саноат дар ноҳияҳои Восеъ 110,2%, Данғара 114,6%, Дўстӣ 108,2%, Қубодиён 117,8%, А.Ҷомӣ 114,6%, Ҳамадонӣ 108,2%, Панҷ 102,3%, Темурмалик 108%, Шаҳритус 104,6%, Ёвон 103,4%, Балҷувон  117,5% таъмин карда шудааст.

Тӯли ин муддат аз ҷониби 83 корхонаи истихроҷи канданиҳои маъмул ба маблағи 3,2 миллион сомонӣ маҳсулот истихроҷ шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5 миллион сомонӣ ва ё 4,5 баробар зиёд мебошад. Вобаста ба афзоиши тавлидоти маҳсулоти саноатӣ, корхонаҳои хӯроквории шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон якҷо бо бахши хусусӣ дар давоми моҳи январ ба маблағи 78,3 миллион сомонӣ, баробар ба 120,9 фоизи ҳамин давраи соли гузашта маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол кардаанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин иттилоъ дода шудааст, ки моҳи январи соли равон ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 275,9 миллион кВт/соат нерӯи барқи фоиданок ба маблағи умумии 76 миллион сомонӣ дастрас шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба моҳи январи соли гузашта  дар умум 8,5 фоиз зиёд мебошад.

Муовини раиси вилоят З. Файзуллозода қайд кардааст, ки дар давоми соли 2022 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят баистифодадиҳии 132 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо назардошти 3978 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.

— Мувофиқи омори расмӣ, моҳи январи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 7 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар ҶДММ “Иброҳим” оид ба бандубасти писта бо таъсиси 16 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи маҳсулоти ширии “Муҳаммадҷон А” ва корхонаи истеҳсоли докаи тиббии “Ғолибҷон Холов” бо таъсиси 8 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Данғара корхонаи “Шири Хуррамзамин” бо таъсиси 9 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корхонаҳои пахтатозакунии “Оиша” ва маҳсулоти нонию қаннодии “Нонпази Ҳамадонӣ” бо таъсиси 16 ҷойи корӣ, дар ноҳияи Ёвон корхонаи пахтатозакунии “Сафир” бо таъсиси 25 ҷойи корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд,- афзудааст ӯ.

— Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи тасдиқгардида то охири сол чорачӯӣ намоянд. Ҳамчунин аз ҷониби раиси вилоят дар назди масъулони дахлдор оид ба ҷамъоварии саривақтии ҳаққи истифодаи нерӯи барқ, таъмини рушди соҳаи саноат, бакорандозии корхонаҳои бекорхобида, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи муҳити зист, тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *