Хатлон: Дар соли 2021-ум 2067 омӯзгор муҳоҷир шудаанд

Давоми соли 2021 аз муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон 2 ҳазору 67 омӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд. Ин иттилоъро имрӯз, 31-уми январи соли 2022 дар нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Хатлон пешниҳод карданд.

Ашӯралӣ Олимӣ — сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон гуфт, ки дар соли 2021-ум 1 ҳазору 900 омӯзгор тарки соҳа карда, ба муҳоҷират рафтаанд. Ӯ сабаби асосии муҳоҷиршавии омӯзгоронро паст будани вазъи иқтисодии оилавӣ гуфт. Дар ин давра дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят наздики 1 ҳазору 957 омӯзгор ба кор қабул шудаанд,- таъкид кард ӯ.

Аммо, дар ҳамин ҳол, Сайфулло Лутфуллоев — муовини сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон иддао кард, ки 1 ҳазору 900 омӯзгор не, балки 2 ҳазору 67 нафар тарки соҳаи омӯзгорӣ карда, барои кор ба хориҷи кишвар рафтаанд. “Аз ҳама бештар аз ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон ва Хуросон омӯзгорон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд”,- гуфт ӯ.

Сомонаи Pressa.tj ҳунӯз моҳи сентябри соли 2021 аз муҳоҷир шудани кам не, 750 омӯзгор ба хориҷи кишвар хабар дода буд.

Ашӯралӣ Олимӣ — сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон моҳи сентябри соли 2021 низ сабаби асосии рафтани омӯзгоронро ба муҳоҷирати меҳнатӣ вазъи нохуби молиявии онҳо гуфта буд. “Қариб аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон омӯзгорон ба хориҷи кишвар рафтаанд. Аммо бештар аз ноҳияи Кӯшониён ва Абдураҳмони Ҷомӣ муҳоҷиршавии омӯзгорон ба қайд гирифта шудааст”,- афзуда буд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *