Хатлон: Дар соли гузашта 99 корхона фаъолият накардаанд
Аз ҷамъи умумии 641 корхонаҳои гуногуни истеҳсолии ба қайд гирифташуда дар вилояти Хатлон кам не, 99 корхона дар соли 2021 фаъолият накардаанд.
Бо вуҷуди ин, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 корхонаи дигари бозмонда мавҷуданд, яъне бештар аз ду сол мешавад, ки тамоман фаъолият намекунанд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Бобоҷон Алихонов, сардори Раёсати саноат ва сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфт, ки сабаби асосии фаъолият накардани корхонаҳои мазкур муфлисшавӣ аст. Шумораи корхонаҳое, ки соли 2021 фаъолият накардаанд, бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон — 13 адад (5 бозмонда), Кӯлоб — 8 адад (1 бозмонда), Левакант — 7 адад (3 бозмонда) ва Бохтар — 4 адад (1 бозмонда) мебошанд.
Мувофиқи маълумотномаи пешниҳодшуда, аз ҳисоби фаъолият накардани корхонаҳои истеҳсолӣ дар вилояти Хатлон 574 нафар ҷойи корӣ аз даст рафтааст.
Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар соли 2021 дар ҳудуди вилояти Хатлон 36 корхона бунёд шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ