Хатлон: дастоварди ҷавонон зиёду ҷиноят кам шудааст

Дар шаш моҳи соли равон варзишгарони вилояти Хатлон дар маҷмуъ 1 ҳазору 227 медал ба даст овардаанд. Аз ин 361 медали тилло мебошад.

Насриддинзода Рамазон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки давоми сол варзишгарон дар беш аз 90 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 17 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кардаанд. Ӯ афзуд, ки онҳо аз мусобиқаҳои дохилӣ 1 ҳазору 137 медал, аз ҷумла 334 медали тилло, 363 нуқра ва 440 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

«Варзишгарони вилояти Хатлон аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 27 медали тилло, 28 нуқра ва 35 медали биринҷиро соҳиб шуданд. Шумораи медал дар шаш моҳ нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 48 медал зиёд аст»,- афзуд ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки давоми сол 518 ҷиноят бо иштироки 598 ҷавон содир шудааст. Аммо содиршавии ҷиноят нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 152 ҳолат кам мебошад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *