Хатлон: Даъвати ҷавонон ба Артиш оғоз шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даъвати ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар оғоз гардид. Аз субҳи барвақти 1 октябр 11 шаҳру ноҳия аз иҷрои нақша хабар доданд.
Ба иттилои расида, боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилоят низ имрӯз нақшаро ба пуррагӣ иҷро хоҳанд кард.
Шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Кӯшониён, Данғара, Ҷайҳун, Хуросон, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва роҳияи Шамсиддин Шоҳин дар қисмати аввали рӯз нақшаро пурра иҷро карданд.
Бояд гуфт, ки дар як рӯз иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳи кишвар камсобиқа буд.
Фардо, 2 октбяр дар вилояти Хатлон Рӯзи даъватшаванда баргузор мегардад. Аз руи маълумотҳои расида, вилояти Хатлон нақшаро дар рӯзи аввал пурра иҷро хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ