Хатлон — диёре бо саноати рушдёфта ва фарҳанги воло

Таърих шаҳодат медиҳад, ки Хатлонзамин на танҳо бузургмардони донишмандро ба тамаддуни башарӣ додааст, балки бо мардуми заҳматқарину шаҳру ноҳияҳои пешрафтааш низ машҳур аст. Ба назар мерасад, ки сол ба сол саноату кишоварзӣ, фарҳанг, варзишу маориф ва дигар соҳаҳои муҳим дар вилояти Хатлон беш аз пеш дар ҳоли рушданд ва аз нигоҳи таҳлилгарон мусбат арзёбӣ мешаванд.

Саноату соҳибкории рушдёфта

Тавре Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд: «Рушди соҳаи саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии маҳсулот замина мегузорад».

Дар ин замина, 5-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар баргузории озмун маҳсули корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, шириниҳо, масолеҳи сохтмонӣ, дӯзандагӣ ва инчунин дигар маҳсулоти коркарди саноатӣ ба намоиш гузошта шуд.

Муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин дар якҷоягӣ бо меҳмонон аз намоиши маҳсули корхонҳои саноатӣ дидан намуда, бо фаъолони корхонаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулот ҳамсуҳбат шуданд. Сипас, муовини раиси вилоят дар чорабинӣ иштирокчиёни озмунро аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид табрик гуфта, барояшон бурдбориҳо таманно намудаву қайд кард, ки “дар замони соҳибистиқлолӣ обрӯ ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ дучанд баланд гардид”.

Тавре зикр гардид, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ соҳибкорӣ рушди тоза ёфта, дар мамлакат садҳо коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд ёфтанд. Вобаста ба эълон гардидани «Солҳои 2022 — 2026 солҳои рушди саноат» дар вилояти Хатлон ҳам корхона ва коргоҳҳои нави саноатии бозгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфта, истеҳсолотчиёни ватанӣ ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, муаррификунандаи давлату миллати тоҷик комёб шуда истодаанд.

Воқеан, саноат муҳаррики асосии иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Аз ин нигоҳ, имрӯз соҳибкорони мо супоришу ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакатро сармашқи кори худ намуда, азму талоши комил доранд, ки бо бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатии бозгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ маҳсулот истеҳсол кунанд, рушди босуръати саноатро таъмин намоянд, бо истеҳсолоти ватанӣ давлату миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифгар бошанд.

Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар вилояти Хатлон ба рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир, воридотивазкунанда мусоидат менамоянд ва таваҷҷуҳи хоса доранд.

Бояд гуфт, дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 66 нафар соҳибкорон аз рӯи панҷ номина —  маҳсулоти хӯрокворӣ (23 дархост), маҳсулоти саноатӣ (11 дархост), ҳунарҳои мардумӣ (12 дархост), хизматрасонии хӯроки умумӣ (14 дархост) ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо (6 дархост) ба комиссияи вилоятии озмуни зикргардида пешниҳод гардида буд, ки ғолибон бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ карда шуданд. Озмун бо барномаҳои фарҳангӣ ҳусни анҷом ёфт.

Рушди фарҳангу ҳунарҳои воло

Бояд зикр намуд, ки вилояти Хатлон дар самти фарҳанг ва рушди санъату ҳунарҳои воло пештоз аст. Ҳамин аст, ки даври ҷумҳуриявии озмуни «Сад ранги чакан» ҷойи якум насиби вилояти Хатлон гардид.

Бино ба иттилои МИҲД-и вилоят, фестивали “Сад ранги чакан” дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2023, таҳти рақами АП318 «Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, анъанаю ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар вилояти Хатлон барои соли 2023» ба роҳ монда шуда, мақсад аз он тарғиби арзишҳои миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ, муаррифии тарҳҳои навгунаи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати ҳунарҳои аҷдодӣ аз қабили нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ арзёбӣ мегардад.

Баргузор намудани чунин фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона карда шудааст.

Гуфта мешавад, ки фестивали мазкур аз рӯи 6 номинатсия, намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки ҳунарҳои мардумӣ дар кишвари мо баёнгари миллати меҳнатдӯсту ҳунарпарвари тоҷик буда, пайвандгари насли имрӯза ба гузаштаи таърихи башариятанд. Хатлонзамин ҳам дорои маконҳои таърихӣ буда, диёри сайёҳӣ маҳсуб меёбад ва дастранҷи занону бонувони тоҷик, бахусус ҳунарҳои мардумӣ тариқи сайёҳон дар дунё муаррифгари фарҳангу ҳунари сокинони вилоят гардидааст.

«Як моҳи ҳаёти кӯдакон»

Бояд зикр намуд, ки зиндагии осоиштаи кӯдакон орзуи асосии аҳли ҷомеа аст. Ба ҳамин хотир, ҷиҳати амалӣ намудани қарори раиси вилояти Хатлон аз 28-уми апрели соли 2023, №90 «Дар бораи гузаронидани «Як моҳи ҳаёти кўдакон» ва таҷлили Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар вилояти Хатлон аз 1 то 31-уми майи соли 2023 чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади ба ҳаёти солим ҷалб намудани кўдакон ва дарёфти истеъдодҳои наврас, бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон — 1-уми июн дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии вилоят озмуни вилоятии «Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин» аз рўйи номинатсияҳои «Рассоми беҳтарин», «Чакандўзи беҳтарин», «Дастони моҳир», «Дўзандаи беҳтарин», «Ровии беҳтарин», «Сарояндаи беҳтарин», «Ихтироъкори беҳтарин», «Қироати шеъри беҳтарин», «Раққос(а)и беҳтарин», «Навозандаи беҳтарин», «Барномасози беҳтарин», «Чароғаки роҳнамо», «Иншои беҳтарин», «Забондон», «Оташнишони наврас», «Гулпарвари беҳтарин», «Хонандаи сол-2023», «Донояк», «Матолиби беҳтарин дар мавзуи «Маърифати экологӣ», «Хати зебо», «Математикони наврас» ва «Луғатдони беҳтарин» эълон карда шуда, ғолибон рўзи 1-уми июни соли 2023 дар майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *