Хатлон: Фавти 18 зани ҳомила дар як сол

Давоми соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 18 ҳолати фавти занони ҳомила ба қайд гирифта шудааст.

Гулбаҳор Зарипова, директори Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки “фавт аз рӯи ҳисоби мо нисбатан бештар шудааст”. Ӯ афзуд, ки дар соли 2021 аз 89 ҳазору 65 зоиш 18 ҳолати фавт ва дар соли 2020 аз 98 ҳазору 759 зоиш низ фавти 18 зан сабт шудаасту халос.

— Агар аз рӯи шумораи афзоиши таваллуд ҳисоб кунем, дар соли 2021 нисбатан фавти модар бештар аст. Аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Левакант ва Темурмалик фавти модар сабт шудааст. Бо сабаби ба панҷ ҳолат расидани фавти модар дар ноҳияи Вахш, сартабиби беморхонаи марказӣ ва роҳбари КАТС-и ноҳия иваз шуданд,- афзуд ӯ.

Ба таъкиди Гулбаҳор Зарипова, соли сипаригардидаи 2021-ум 1 ҳазору 995 зан дар хона таваллуд кардаанд, ки нисбати соли 2020-ум 620 ҳолат зиёд аст.

Сабабҳои асосии фавти занони ҳомила дер муроҷиат кардан ба мутахассис, зоиши хонагӣ ва бемориҳо гуфта мешавад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *