Хатлон: Фавти 21 нафар дар як моҳ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт
Дар як моҳи соли 2023 дар вилояти Хатлон 24 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух додааст. Мутаассифона, бо ин сабаб 21 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ёрмаҳмад Давлатов — сухангӯи шуъбаи Бозрасии давлатии амтомабилӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар баробари ба ҳалокат расидани 21 нафар 30 сокини дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ӯ мегӯяд, ки аз шумораи умумии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт 10 ҳолати он бо иштироки пиёдагардон рух додааст.
“Ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон аз 10 то 20-уми феврал дар вилояти Хатлон амалиёти пиёдагард гузаронида шуда истодааст”,- таъкид кард вай.
Ёрмаҳмад Давлатов мегӯяд, аз ронандагон ва пиёдагардон хоҳиш мешавад, ки дар роҳ аз эҳтиёт кор бигиранд, то ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ