Ҳамза Бобозода

Хатлон: Фавти 7 нафар дар ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ

Дар соли 2022 дар вилояти Хатлон аз ҳодисаҳои нохуш дар сохтмон 7 нафар фавтидаанд. Мутаассифона, фавти сокинон дар соли 2022 назар ба соли 2021-ум як ҳолат зиёд будааст.

Ҳамза Бобозода, сардори Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки дар ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Мутаассифона, дар ноҳияи Ҷайҳун як ҳодисаву се фавт, дар ноҳияи Қубодиён як ҳодисаву як фавт, дар шаҳри Кӯлоб як ҳодисаву як фавт, дар Фархор ду ҳодисаву як фавт ва дар ноҳияи Данғара шаш ҳодисаву як фавт ба қайд гирифта шудааст. Ӯ афзуд, ки дар соли 2021 аз 14 ҳодисаи нохуш шаш нафар фавтида буданд.

“Аз ҷониби корфармоён ба наздикони фавтида ва онҳое, ки дар вақти кор ҷароҳат бардоштаанд, беш аз 242 ҳазор сомонӣ кумак ва ё ҷубронпулӣ дода шудааст. Вале барои пешгирӣ аз сар задани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот мутахассисони мо миёни кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд”,- гуфт мавсуф.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *