Хатлон. Худкушӣ ва ҷиноят миёни ноболиғон кам шуд
Соли 2023 дар вилояти Хатлон 21 ҳолати худкушии ноболиғон рух додааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли сипаригардидаи 2023-ум 159 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шудааст.
Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон имрӯз, 29 январи соли равон, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар соли 2023-ум дар умум 21 ҳолати худкушии ноболиғон сабт шудааст. Ӯ афзуд, ки хушбахтона, худкушӣ назар ба соли 2022-ум 15 ҳолат кам мебошад.
«Сабабҳои даст ба ин ҳолат задани ноболиғон бемории руҳӣ, мушкилоти оилавӣ ва ғайра мебошад».
Ғазалшоҳ Сафарзода таъкид кард, ки дар соли сипаришуда аз ҷониби ноболиғон 159 ҷиноят содир шудааст. Ӯ мегӯяд, содиршавии ҷиноят ҳам назар ба соли 2022-ум 66 ҳолат кам мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ