Хатлон: худкушӣ зиёд, ҷиноят кам шудааст

Дар шаш моҳи соли равон ноболиғони вилояти Хатлон 87 ҷиноят содир кардаанд. Даст ба ҷиноят задани ноболиғон нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 50 ҳолат кам шудааст.

Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли 2022 ноболиғон 127 ҷиноят содир карда буданд. Аммо дар шаш моҳи имсол содир кардани ҷиноят аз ҷониби ноболиғон 50 ҳолат кам шудааст.

“Дар шаҳру ноҳияҳои Дӯстӣ, Хуросон, Қубодиён, Кӯлоб, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Муъминобод ҷинояткорӣ хеле коҳиш ёфтааст”,- афзуд ӯ.

Мутаассифона, дар шаш моҳи соли ҷорӣ даст ба худкушӣ задани ноболиғон баръакс зиёд шудааст.

Ғазалшо Сафарзода афзуд, ки 5 ноболиғ даст ба худкушӣ задаанд. Ӯ мегӯяд, ки даст ба худкушӣ задани ноболиғон нисбати ҳамин давраи соли 2022 се ҳолат зиёд мебошад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *