Хатлон: Иди касбии омӯзгорон таҷлил карда шуд
Имрӯз, 30-юми сентябри соли равон дар шаҳри Бохтар ба ифтихори Иди касбии омӯзгорон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ омӯзгорони собиқадор ва фаъолони соҳаи маориф бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон омӯзгоронро аз номи роҳбарияти вилояти Хатлон шодбош гуфта, ба онҳо Сипоснома дод.
Аз ҷумла, ба Ширинзода Муҳиддин, Оймадова Гулнора, Екатерина Лисавин, Маҳфуза Азимова, Холназар Ҳукуматов, Толиб Маҳмадов, Хурсандқул Саидов, Олимҷон Табаров, Элчайзан Палаева, Қудратулло Абдуллоев, Бахтовар Ҳукумов ва дигарон Сипоснома дода шуд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ