Хатлон: Ифтитоҳи 89 корхона дар як сол

Соли 2024 дар вилояти Хатлон 89 корхонаи гуногуни саноатӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин бора дар нишасти хабарӣ аз Раёсати Агентии омор дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд. 

Ба гуфтаи Қурбон Ҳакимзода, роҳбари агентии мавриди назар дар баробари ифтитоҳи 89 корхонаи саноатӣ, феълан дар вилояти Хатлон 21 корхонаи бозмонда мавҷуд аст.

Ӯ мегӯяд, корхонаҳои бозмонда ҳамон корхонаҳое ҳисобида мешаванд, ки зиёда аз ду сол инҷониб фаъолият надоранд.

Ба таъкиди вай, ин гуна корхонаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 1 адад, Вахш 1, Дӯстӣ 1, Қубодиён 1, Ҷалолиддини Балхӣ 2, Абдураҳмони Ҷоми 2,  Ҷайҳун 1,  Шаҳритус 2, Ёвон 1, Левакант 2, Кӯлоб 1, Данғара 2, Ховалинг 3 ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 1 адад ҷойгиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image