Хатлон: кӯмак ба хонаи пиронсолон

16 нафар бошандаи “Хонаи пиронсолон”-и шаҳри Бохтар аз кӯмаки ғизоии масъулини Сарраёсати молияи вилояти Хатлон баҳравар гардиданд.

Назарзода Бахтиёр, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон гуфт, дар арафаи таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, мо ба хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар маводи хӯрока ва дигар лавозимоти зурурии рӯзгор дастрас намудем.

Ба иттилои расида, дар “Хонаи пиронсолон” 16 нафар парасторӣ шуда, пайваста мавриди кӯмаку дастгирии шахсони ҳимматбаланд қарор мегиранд.

Масъулини Сарраёсати молияи вилояти Хатлон, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо аз вазъи будубош ва рӯзгори ниёзмандон бохабар шуда, барои беҳтар кардани шароити зиндагии онҳо кӯмак мерасонанд.
Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *