Хатлон. Муҳоҷирони ихроҷшуда бо кор таъмин мешаванд
Дар шаш моҳи соли равон, аз муҳоҷироне, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Руссия манъ аст, 64 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Давоми сол 629 нафар ба Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон барои дарёфти ҷойи кор муроҷиат кардаанд. Аз ин 14 кас ба касбомӯзӣ, 13 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок, 518 нафар ба машварати касбӣ ва 64 каси дигар бо кор таъмин шуданд.
Ҳамчунин 20 нафари дигар бо мақсади ташкили соҳибкорӣ бо қарзи бефоиз аз ҳисоби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ таъмин карда шуданд. Дар ин бора аз Раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
“Феълан дар вилояти Хатлон 34 субъекти хоҷагидорӣ, ки иҷозаи ҷалби қувваи кории хориҷиро доранд, сабт шудаанд. Дар ин субъектҳо 720 нафар хориҷиён кор мекунанд. Ногуфта намонад, ки дар ҳамин 34 ширкате, ки хориҷиё кор мекунанд. Дар баробари шаҳрвандони хориҷӣ, зиёда аз 6 ҳазору 290 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъминанд. Ҳамчунин аз аввали сол то имрӯз, дар ҳудуди вилояти Хатлон ба 71 шаҳрванди хориҷӣ иҷозатнома барои кор дода шудааст”.
Гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон, аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ 44 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои буду бош дар кишвар ошкор шудааст. Дар натиҷа нисбати 42 нафар беш аз 70 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ