Хатлон: Мусодираи 4000 адад фиттаҳои пастсифат
Дар нуқтаҳои фурӯши маводи аудиовизуалӣ ва бозиҳои компютерии шаҳру навоҳии Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Ҷалолиддини Балхӣ ва Бохтар санҷиши якҷояи Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» ва Корхонаи фаръии давлатии кино ва видеои вилояти Хатлон идома дорад. Тавре аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додаанд, мақсад аз баргузории санҷишҳо пешгирии фаъолияти ғайриқонунии соҳибкороне мебошад, ки ба фурӯши маводи аудиовизуалӣ, паҳн намудани фиттаҳои ғайристандартии дорои мазмуни роҳзанӣ, ваҳшоният ва зӯроварӣ машғул мебошанд.
Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру навоҳии вилоят 400 ҳолати санҷиш гузаронида шуда, зиёда аз 4000 адад фиттаҳои пастсифат мусодира гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ