налог

Хатлон: Нақша барзиёд иҷро шуд, аммо…

Нақшаи ҷамъоварии андози Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон дар соли 2022 беш аз 101 дарсад иҷро карда шуд. Аз ин ҳисоб 10 миллиону 500 ҳазор сомонӣ барзиёд ворид шудааст.

Аз Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар 11 шаҳру ноҳияи вилоят 58 корхонаи бузурги андозсупоранда доранд.

— Нақшаи соли 2022 дар умум 670 миллиону 406 сомонӣ буд. Вале давоми соли сипаришуда беш аз 680 миллиону сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз 11 миллиону 500 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст. Дар соли 2022 бақияи қарз беш аз як миллион сомонӣ кам карда шуд. Имсол дар нақша аст, ки қарз пурра ҷамъоварӣ карда шавад,- гуфтанд аз нозироти андоз.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *