Хатлон: Нақшаи ҷамъоварии андоз 102,5 дарсад таъмин шудааст
Нақшаи ҷамъоварии андози моҳи феврал дар ноҳияи Ховалинг ва Ёвон пурра иҷро нашудааст. Вале аз ҳисоби барзиёд таъмин шудани нақша дар дигар шаҳру ноҳияҳо, ба буҷети вилояти Хатлон беш аз 8 миллиону 670 ҳазор сомонӣ барзиёд ворид шудааст.
Аз Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки тибқи маълумоти пешакӣ боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаро пурра ва барзиёд таъмин кардаанд. Аз сабаби пурра таъмин накардани нақшаи андоз дар ноҳияи Ёвон беш аз 739 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияи Ховалинг 710 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ нашудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, нақшаи ҷамъоварии андози вилояти Хатлон 102,5 дарсад таъмин карда шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ