Хатлон: Нақшаи ҷамъоварии пахта 70 дарсад таъмин шуд (аудио)
Соли 2022 дар вилояти Хатлон дар майдони 121 ҳазору 694 гектар замин пахта кишт шудааст, ки 98,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Вале чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кишти пахтаро дар имсол кам кардаанд.
Ҳанӯз 17-уми октябри соли равон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба иҷрои дурнамои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва бунёду азнавсозии иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод баргузор гардид.
Дар ситод гуфта шудааст, ки имсол дар ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон дар майдони умумии 121 ҳазору 694 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки 98,9 дарсади дурнамои соли 2022-ро ташкил медиҳад. Кишти пахта асосан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Панҷ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Қубодиён кам гардидааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, то 16-уми октябри соли 2022 зиёда аз 198 ҳазору 255 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки наздики 70 дарсади нақшаро ташкил мекунад.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба масъулин ва дигар гуруҳҳои корӣ барои ҷамъоварии беталафи ҳосили пахта, ҷалби чинакчиён ва пардохти сариватии мабалғи онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ додааст. Ҳамчунин, ӯ таъкид кардааст, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода карда, нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро кунанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ