Хатлон: наздики 1 миллиону 395 ҳазор нафар ваксина гирифтанд
Дар вилояти Хатлон бештар аз 1 миллиону 295 ҳазор нафар бар зидди бемории коронавирс вояи якуми ваксина гирифтаанд. Ҳамчунин, 931 ҳазору 457 каси дигар аллакай вояи дувумро низ гирифтаанд.
Раҷабзода Мирзоалӣ — сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки барои боз ҳам баланд кардани суръати ваксинакунии сокинон дар вилоят гуруҳи корӣ ташкил шудааст. Ӯ мегӯяд, ки ин гуруҳ сокинонро аз зарурати гирифтани ваксинаи зидди бемории Covid-19 огоҳ месозад.
— То имрӯз, 24 декабри соли 2021-ум, 1 миллиону 295 ҳазору 547 нафар вояи якуми ваксинаро гирифтанд, ки наздики 64 дарсади нақшаро ташкил мекунад. Шумораи онҳое, ки вояи дувуми ваксинаро қабул карданд, ба 931 ҳазору 457 нафар расидааст. Нақшаи вояи дувуми ваксина аллакай аз 45 дарсад гузаштааст,- ,- афзуд ӯ.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло захираи ваксина дар муассисаҳои тандурустии ҳудуди вилояти Хатлон бештар аз 345 ҳазор вояро ташкил мекунад. Аз аввали мавсими ваксинакунӣ то ба имрӯз ба вилояти Хатлон дар маҷмуъ зиёда аз 2 миллиону 603 ҳазор вояи ваксина ворид шудааст. Дирӯз ба вилояти Хатлон иловатан 800 ҳазор вояи ваксинаи “КаронаВак” ворид карда шуд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ