Хатлон: Наздики 150 корхона фаъолият накарданд
Соли 2023 дар вилояти Хатлон беш аз 120 корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин сол наздики 150 корхонаи дигар фаъолияти истеҳсолӣ надоштанд.
Музаффар Мирзозода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон имрӯз, 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 147 корхона фаъолияти истеҳсолӣ надоштанд.
Ӯ афзуд, дар ҳақиқат фаъолият накардани корхонаҳо боиси нигаронӣ аст. Ба таъкиди вай соли 2023-юм 121 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ бо 3 ҳазору 912 ҷойи кории нав сохта шудааст.
“Аксарияти ин корхонаҳо аз ҷониби соҳибкорон бунёд шудаанд. Мо кушиш мекунем, ки барои барқарор намудани ин корхонаҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чораандешӣ кунем”,-гуфт номбурда.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ