Хатлон: Нигаронӣ аз бекоршавии қарорҳои раисон
Дар соли 2021-ум 61 қарори раиси ноҳияи Ёвон бекор карда шудааст. Аз ин 51 қарор ба раиси собиқ ва 10 қарор ба раиси феълан амалкунанда тааллуқ доштааст.
Саидзода Ҷамшед, раиси ноҳияи Ёвон ахиран дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки аз соли 2020 то охири соли 2021 Прокуратураи вилояти Хатлон санҷиши калон оид ба хариду фурӯши замин ва ба таври ғайриқонунӣ додани онро ба охир расонид. Ӯ афзуд, ки дар доираи ин санҷиш нисбати собиқ муовини аввал, муовини раиси ноҳия, мудири шуъбаи меъморӣ ва раиси кумитаи идораи замин парванда боз карда шуд. “Ин гуруҳ зиёда аз 8-9 нафар буданд ва ҳанӯз 1-уми ноябри соли 2021 Суди вилояти Хатлон нисбати онҳо ҳукм содир кард”,- таъкид намуд вай.
“Аз 10 қарори эътироз оварда, ки ба ман тааллуқ доранд, ягонтояш барои додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ нест. Ду сол аст, ки қариб ягон замини наздиҳавлигӣ ба касе дода наметавонем. Чунин замин нест”,- гуфт Саидзода Ҷамшед.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон низ дар нишасти матбуотии хеш гуфт, ки “ин масъалаи доғи рӯз аст ва моро ба ташвиш овардааст”. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, ки аз қарорҳои бекоршуда наздики 80 дарсад вобаста ба замин буда, 40 дарсадаш ба раисони ҳоло фаъолияткунанда дахл дорад.
— Яке аз камбудиҳои ҷиддӣ дар ноҳияи Ёвон ҷой дошт. Бисёре аз ин қарорҳо ба масъалаи замин ва шуъбаи меъморӣ дахл доранд. Новобаста ба нақшаи генералӣ лоиҳа ва тарҳи заминро тағйир додаанд. Шахсони масъул тибқи қонунҳои амалкунанда ҷазо дода шуданд,- афзуд ӯ.
Дар нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон гуфтанд, ки соли 2021 ба 317 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози прокурорӣ оварда шудааст. Аз ин 124 қарор ба раисони феълан амалкунанда вобаста аст.
Ҳайдарзода Шоимардон, прокурори калони бахши назорати қонунгузории замин дар як суҳбати алоҳида ба Pressa.tj гуфт, ки ба 242 қарор прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ва ба 37 адади дигар Прокуратураи вилояти Хатлон эътироз овардааст.
Ӯ мегӯяд, ки эътирози прокурорӣ дар соли 2021 назар ба соли 2020 андаке бештар шудааст. Ба таъкиди вай, соли 2020 ба 245 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътироз оварда шуда буд, ки 116 адад ба раисони амалкунандаи ҳавон вақт тааллуқ дошт.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ