«Хатлон: Омӯзгорон аз нагирифтани маош шикоят доранд». Посухи масъулин

Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ба матлаби «Хатлон: Омӯзгорон аз нагирифтани маош шикоят доранд», ки дар сомонаи Pressa.tj нашр шудааст, вокуниш кард. Матни он бидуни таҳрир пешниҳоди хонандагон мегардад:

— Санаи 26 апрели соли равон дар сомонаи рӯзномаи «Тоҷикистон»  мақолаи хабарнигори  минтақавии рӯзнома дар минтақаи Бохтар  Машраби Аловиддин таҳти унвони  «Омӯзгорон аз нагирифтани маош шикоят доранд» нашр шудааст.

  Сарраёсати молияи вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо масъулону кормандони Раёсати молияи ноҳияи Кӯшониён мақолаи болозикрро дар маҷлиси васеи худ мавриди баррасӣ ва таҳлили амиқ қарор доданд.

Дар ҳақиқат, омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10,14-и ҷамоати деҳоти «Заргар» ва мактаби рақами 26-и ҷамоати деҳоти «Бӯстонқалъа»- ноҳияи Кӯшониён маоши моҳи мартро нагирифта буданд ва ин масъала оҷилан бо дахолати Роҳбарияти Сарраёсати молияи вилояти Хатлон ҳалли худро пайдо намуд.

Аммо Сарраёсати молияи вилояти Хатлон масъалаи мазкурро мавриди тавуҷҷуҳи ҷиддӣ  қарор дода, сабаб ва омилҳои рӯй  додани ин ҳолатро  аз назари таҳқиқ гузаронида истодааст.

 Зеро дар вазъи ҳассоси кунунӣ роҳ додан ба чунин камбудиҳо мухолифи талаботи замон аст.

 Аз ин рӯ, аз ҳисоби мутахасисони варзидаи Сарраёсат ва котиби матбуотии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон гурӯҳи махсус таъсис дода шуда, рӯзҳои наздик ин масъала дар доираи Раёсатҳои молияи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон санҷида мешавад, то минбаъд норасоии пардохти маоши омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои вилоят аз миён бардошта шавад.

 Маркази матбуотии Сарраёстаи молияи вилояти Хатлон то ба имрӯз бо  тамоми кормандони ВАО-и вилоят ва ҷумҳурӣ  ҳамкории доимии судмандро ба роҳ  мондааст ва ин иқдоми некро минбаъд ҳам  идома хоҳад дод.

Далер Шарифов, котиби матбуотии   Сарраёстаи молияи вилояти Хатлон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *