Хатлон: Омодагӣ барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки то 10-уми майи соли ҷорӣ хавфи боришот ва омадани сел дар кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон дар назар аст. Дар ин минтақа мавзеъҳои хатарнок ва ноҳияҳои куҳӣ кам нестанд.

Сафар Раҳимзода, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба Pressa.tj гуфт, ки дар асоси барқияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел омодагӣ мебинанд. Ӯ мегӯяд, ки аллакай техникаи зарурӣ барои тоза кардани ҷӯй ва селроҳаҳо омода аст. “Фардо дар ноҳия ҳашари умумии тоза кардани селроҳаҳо гузаронида мешавад”,- афзуд вай. Ба таъкиди ӯ, феълан дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст, то дар ҳолатҳои омадани сел ба сокинон кумак расонида шавад.

Илҳом Аҳмадзода, раиси ноҳияи Хуросон дар як тамоси телефонӣ гуфт, ки шабона дар ноҳия сел омада буд: “Вале ба касеву чизе зарар нарасонд. Селроҳаро тоза карда будем ва сел ҳам гузашта рафт”.

Ӯ мегӯяд, ки ноҳияи Хуросон мавзеъҳои осебпазир дорад. “Мувофиқи хулосаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар ноҳия 19 мавзеи хавфнок мавҷуд аст”,- афзуд вай.

— Вале мо хеле пеш заҳбуру заҳкаш ва селроҳаҳоро таза карда будем. Ҳоло ягон хавфу хатар эҳсос намешавад. Лекин, ба ҳар ҳол, ситоди мо дар ҳолати омодабош қарор дорад,- таъкид кард ӯ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар муроҷиатномаи худ гуфтааст: “Ба шаҳрвадони ҷумҳурӣ, сайёҳон, онҳое, ки дар ноҳияҳои куҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба баландкуҳҳо, дарёҳо ва мавзеҳои сайёҳӣ даст кашанд. То ҳадди имкон дар чунин рӯзҳои боронӣ аз сафар аз тариқи роҳҳои куҳӣ ва хатарнок, ҷамъоварии ҳезум ва шикор намудан дар баландкуҳҳо худдорӣ карда, барои назорати кӯдакон, тоза намудани селроҳаву ҷӯйборҳои кӯчаю маҳаллаҳо чораҳои пешгирӣ андешанд. Чорвопарварон молҳои худро дар ҷойҳои бехавф нигоҳдорӣ кунанд ва аз роҳҳои хатарноки баландкуҳҳо истифода накунанд”.

Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли 2020 дар ноҳияи Хуросон дар натиҷаи боришоти зиёди борон ва омадани сел заминҳои кишт ва дастикам 65 хона зарар дида буданд. Мутаассифона, талафоти ҷонӣ ҳам ба қайд гирифта шуда буд.

Ҳамчунин, моҳи майи соли 2021 дар натиҷаи фурӯравии замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 20 хона зарар дида буд. Сабаби ин ҳам боридани борони зиёд ва баланд шудани оби зеризаминӣ гуфта мешуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *