Хатлон: Раиси вилоят аз тарабхонаи “Марҳабо” боздид кард

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз бинои навсохти тарабхонаи «Марҳабо» боздид намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон, масоҳати умумии бино аз 0,06 га иборат буда, аз он зери сохтмон 600 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино аз 2 ошёна бо таҳхона ва 8 утоқи хизматрасонӣ иборат мебошад. Бинои мазкур бо тарҳи муосир ва сифати баланд бо арзиши 1 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он барои кормандон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Гуфта мешавад, ки фармоишгари бинои тарабхонаи “Марҳабо” Ҳисориева Зулфия мебошад. Мувофиқи нақша корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2020 оғоз гардида, дар давоми беш аз 2 сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ аз 20 то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *