роҳ

Хатлон: Роҳҳо бозанд, вале ронандагон бояд эҳтиёткор бошанд

Дар се ағбаи мошингузари минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз соати 16-и 10-уми январи соли равон то ҳанӯз тоза кардани роҳ аз барф идома дорад. Барои таъмини ҳаракати бехатар дар роҳҳо 20 техникаи махсус сафарбар шудааст.

Нусратулло Ҳақназаров, сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар” дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки дар ағбаи Хуросон аз соати 16-и рӯзи гузашта тоза кардани роҳ аз барф бо 7 техника оғоз шуда буд. Дар ағбаи Ёвон ва Левакант аз шаби 10-уми январ то ҳол 13 техника кор карда истодааст.

“Мутаассифона, дар ағбаи Левакант барф хеле зиёд меборад. Вале кормандони мо ҳам беист роҳро тоза карда истодаанд. Маводи зидди лажғиш (қум ва намак) ба қадрӣ кофи захира дорем. Барои тоза кардани роҳ аз барф ва пешгирӣ аз яхбандӣ дар роҳҳо пошида истодаем. Аммо ронандагон ва сокинон бояд тавсияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишварро пурра риоя кунанд. Махсусан ронандагони ҳама гуна нақлиёт дар роҳ бояд аз эҳтиёр кор бигиранд”,- афзуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *