Хатлон. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зист иваз шуд
Раҳмоналӣ Маҳмадалӣ, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон таъин гардидааст. То имрӯз роҳбарии ин ниҳодро Идилло Шарипов бар уҳда дошт.
Раҳмоналӣ Маҳмадалӣ то таъин шуданаш дар вазифаи сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон, дар кумитаи мавриди назар фаъолият мекардааст.
Ҳоло сабаби барканорӣ ва ба кадом сазифа таъин шудани Идило Шарипов маълум нест.
Таъини роҳбари нав дар ҳолест, ки дар аксари марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон саривақт кашонидан ва безарар кардани бартовҳо яке аз мушкилоти асосӣ ҳисобида мешавад. Мутаассифона, дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон ҳам мушкили партов ба таври бояду шояд ҳал нашудааст. Сокинон аз саривақт накашонидани партов шикоят доранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулин саҳми сокинонро дар тозагӣ ва дар вақту ҷойи муайян партофтани партов кам мегӯянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ