Хатлон: Соҳилбандӣ ба хотири омодагӣ ба ҳодисаҳои фавқулодда

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва аҳолии вилоят дар қаламрави ноҳияҳои Данғара, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Кушониён як силсила корҳои соҳилбандӣ роҳандозӣ намуда, ҷӯву селроҳаҳоро тоза карданд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, ин ҳама тадбирҳои пешгирикунанда аз хатарҳои эҳтимолии омадани сел, ярч, обхезӣ муштаракан бо намояндагони ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ ва ҷалби техникаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят ва аҳолии маҳаллӣ амалӣ гардидаанд.

— Ҳадафи аслӣ омодагии ҳамешагӣ ба ҳар гуна ҳодисаҳои фавқулоддаест, ки маъмулан аввалҳои баҳор, бар асари боронҳои пуршиддат ба вуҷуд меоянд,- мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *