Хатлон: Сохтмони 34 иншоот ба таъхир афтодааст

Дар вилояти Хатлон сохтмони 34 иншооти таъиноти гуногун ба таъхир гузошта шудааст. Сохтмон дар ин иншоот солҳои пеш оғоз гардида, вале бо сабаби маблағгузорӣ нашудан корҳои сохмтонӣ қатъ гардиданд.

Дар вилояти Хатлон сохтмони 34 иншооти таъиноти гуногун ба таъхир гузошта шудааст. Сохтмон дар ин иншоот солҳои пеш оғоз гардида, вале бо сабаби маблағгузорӣ нашудан корҳои сохмтонӣ қатъ гардиданд.

Раҳматулло Худойназаров, сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар робита ба ин масъала гуфт, омили асосии идома наёфтани сохтмон дар ин бинову иншоот ҷудо накардани маблағ аст.

-Сохтмони маркази бемориҳои қалб дар шаҳри Бохтар ҳанӯз соли 2010 оғоз шудаву то ба имрӯз ба итмом намерасад. Ба ин монанд, муассисаи таълимӣ дар шаҳри Левакант, оғози сохтмон соли 2010 ва бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ оғози сохтмон соли 2012, мебошанд. Сабаби асосии идома накардани сохтмон дар ин иншоот норасоии маблағ аст. Ҳамчунин садҳо бинову иншооти таъиноти гуногун низ бо ҳамин омил сохтмонашон нотамом боқӣ мондааст, — гуфт ӯ.

Ба Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон давоми соли ҷорӣ танҳо барои идома додани корҳои сохтмонӣдар се иншоот маблағ пешбинӣ шудааст. Аммо ин маблағ низ кам аст. Барои идома додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти биқимонда то ҳанӯз аз буҷети вилоят маблағ ҷудо нагардидааст, — гуфт Р. Худойназаров.

Хостем сабаби кам ҷудо шудани маблағ ба Раёсати сохтмони асосиро аз Сарраёсати молияи вилояти Хатлон пурсон шавем. Мутаасифона роҳбари Сарраёсатро дар ҷойи кораш пайдо карда натавонистем.  

Дар қаламрави вилояти Хатлон наздик ба 1000 иншоотро вохӯрдан мумкин аст, ки сохтмонашон кайҳост оғоз гардида, вале бо сабабҳои гуногун ба итмом намерасанд. Ба қавле сохтмоншон“яхбастааст”…

Машраби Аловиддин,

махсус барои “Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *