Хатлон: Сохтмони 6260 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Дар соли 2022 дар вилояти Хатлон иншооти таъиноти гуногун сохта шудаву мавриди истифода қарор гирифтаанд. Наздики 90 иншооти ба истифода додашуда ба соҳаи маориф рост меояд.
Амонулло Салимзода — муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 6 ҳазору 260 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Ӯ афзуд, ки дар соли сипаришуда бо харҷи бештар аз 156 миллион сомонӣ 2 ҳазору 969 километр роҳи мошингард таъмир шудааст. Ба таъкиди вай, зиёда аз 230 километр роҳ таъмири асосӣ ва боқимонда роҳҳо таъмиру сангфарш шудаанд.
Ҳамчунин, бо дастгирии соҳибкорон бо харҷи зиёда аз 127 миллион сомонӣ қубурҳои фарсуда иваз шуда, пул ва роҳҳои мошингард таъмир карда шудаанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ