Хатлон: Таблиғгари навбатии ДИИШ ҷазо гирифт

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини 26-солаи шаҳри Қӯрғонтеппаро аз рӯи моддаи 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (“зархаридӣ”) ба 10 соли зиндон маҳкум кард. Ин мард, ки танҳо ҳарфи аввали номаш – О.К. зикр мешавад, охири соли 2016 боздошт шудааст.

Додгоҳ мегӯяд, гуноҳҳои ин шахс дар мурофиа пурра исботи худро ёфт ва ӯ барои кор ба манфиати гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пушти панҷара рафтааст. Тоҷикистон барои ҷалби шаҳрвандон ба ҷанги хориҷӣ ва ҳам иштирок дар низоъҳои мусаллаҳонаи кишварҳои дигар, муҷозоти сангин пешбинӣ мекунад.

Додгоҳ мегӯяд, ки ин ҷавон беш аз 20 видеои таблиғи ҷиноятҳои ДИИШ-ро дар саҳифаи худ дар як шабакаи иҷтимоии Интернет ҷой дода, инчунин чанд ҷавони дигарро барои узвият дар «Давлати исломӣ» ҷалб кардааст. Мақомоти додгоҳ бо тасдиқи ин ҳукм гуфтанд, ки то қувваи қонунӣ гирифтани он, аз гуфтани ҷузъиёти парванда худдорӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *