Хатлон: Вафот зиёд, таваллуд кам шудааст
Дар шаш моҳи соли 2023 дар вилояти Хатлон 358 кӯдак ба фарзандхондӣ гирифта шудааст. Ин ҳам дар ҳолсет, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ба фарзандӣ қабул кардани кӯдакон аз ҷониби дигар оилаҳо кам будааст.
Аз Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки имсол фарзандхондӣ нисбати шаш моҳи соли гузашта 24 ҳолат зиёд шудааст. Ба иттилои расида, таваллуд ҳам нисбати соли гузашта кам гардидааст.
“Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 45 ҳазору 902 нафар таваллуд шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 917 нафар кам мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Вахш, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯшониён, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритус, Норак, Леваканд, Носири Хусрав ва Восеъ таваллуд аз 10 то ба наздики 400 нафар кам шуда, дар боқимонда шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон таваллуд зиёд гардидааст”.
Аммо дар шаш моҳи соли равон вафот зиёд шудааст. Ба иттилои шуъбаи мавриди назар, дар давоми сол дар вилояти Хатлон 5 ҳазору 950 вафот ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм 477 ҳолат зиёд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ