Хатлон: Занбурӯғ боиси ҳалокати 3 кӯдак аз як оила шуд

Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бар асари истеъмоли занбурӯғ аз як оила 3 кӯдаки ноболиғ заҳролуд шуда, дар беморхона фавтиданд.

“Ховар” дар такя ба иттилои ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобатии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Аҳлиддин Бозоров хабар дод, ноболиғон Нигора Ҳомидова, соли таваллудаш 2010, Нозанин Ҳомидова, соли таваллудаш 2012, Басонат Ҳомидова, соли таваллудаш 2015 ва Рустамҷон Ҳомидов, соли таваллудаш 2018 14 апрел, соати 14:20, ба шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ шуда, барои наҷоти онҳо мутахассисон аз шаҳри Душанбе ва маркази вилоят даъват карда шуданд. Вале новобаста аз кӯшишу талошҳои духтурон аз 17 то 19 апрел Нигора, Нозанин ва Рустамҷон вафот намуданд.

Бино ба гуфтаи Аҳлиддин Бозоров, ноболиғон бегоҳии 13 апрел занбурӯғ чида, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо бирён карда диҳад. «Ба гуфтаи модари кӯдакон, шавҳараш зуд –зуд занбурӯғ чида меовард, аз ин рӯ модар фикр мекунад, ки ин занбурӯғҳо аз ҳамон навъест, ки қаблан шавҳараш меовард. Баъди бирён карда ба кӯдакон хӯрондан Басонат як соат пас қайд карда, аз дилбеҳузурӣ шикоят мекунад. Дар Нигора, Нозанин ва Рустамҷон нишонаҳои дилбеҳузурӣ соати 3-и шаб пайдо мешаванд ва онҳо 14 апрел, соати 14:20, яъне дер ба беморхона оварда мешаванд», -мегӯяд ҷонишини сардухтур оид ба корҳои табобатӣ Аҳлиддин Бозоров.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *