Хатлон. Зиндагии беш аз 156000 нафар дар минтақаи хавфнок

Феълан дар вилояти Хатлон 315 минтақаи хавфнок мавҷуд аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то чанде пеш мавзеҳои хавфнок дар ин минтақаи кишвар бештар аз 406 минтақа гуфта мешуданд. Мутаассифона, ҳоло дар чунин минтақаҳо кам не, андаке бештар аз 156 ҳазору 500 нафар зиндагӣ мекунанд.

Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон гуфт, дар ҳудуди вилоят 406 минтақаи хавфнок мавҷуд буд. Дар натиҷаи анҷом додани корҳои зиёд минтақаҳои хавфнок аз 406 ба 315 мавзеъ кам карда шуданд.

Ӯ мегӯяд, ки дар минтақаи Бохтар 123 мавзеъ ва дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 192 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудааст. Ҳанӯз дар чунин минтақаҳо 156 ҳазору 504 нафар зиндагӣ мекунанд.

“Мутаассифона, 93 дарсади Тоҷикистон куҳсор аст. Дар вилояти Хатлон албатта минтақаҳои хавфнок зиёд аст. Лекин тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, нақшаҳои зиёд дорем, оид ба мавзеҳои бехавф кӯчонидан. Ҳамасола аз раиси ҷамоат сар карда то раисони ноҳияро меомӯзонем, ки дар ҳолати фавқулодда чӣ кор кардан даркор аст”,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *