«Хатлонсинамо» 5-сола шуд
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 5-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ масъулин, ҳунармандони шинохтаи кишвар, ҳаводорон ва мухлисони санъати кино иштирок карданд.
Дар аввал дар даромадгоҳи Кохи Лоҳутӣ меҳмонон аз намоиши дастовард ва иқтидору имконияҳои “Хатлонсинамо” дидан намуданд.
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон гуфт, ки “Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” бо ҷалби мутахсассисону ҷавонони соҳибистеъдод фаъолияти худро ба роҳ монда, дар муддати кӯтоҳ тавонист дар соҳаи фарҳанги Тоҷикистон мавқеъ ва ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Дар панҷ соли фаъолияти худ муассиса тавонист 9 филми ҳуҷҷатӣ ва 4 филми мустанадро таҳия ва сабт намояд”.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба чанд корманду ҳунармандони муассисаи мавриди назар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва медали ҷашнии “5-солагии “Хатлонсинамо” супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” соли 2017 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо мақсади дастгирии рушди кинои тоҷик таъсис дода шуд.
Дар давраи фаъолияти худ муассисаи мазкур филмҳои “Саҳв”, “Гирдоб”, “Марги сафед”, “Асрори тақдир”, “Хаёлӣ”, “Фариштаи умед”, силсила филми “Артист” ва ғайраро рӯйи экран овардааст, ки дар онҳо ҳунармандони саршинос ҳунарнамоӣ кардаанд.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ