Хатмкунандагони ДБССТ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Як гурӯҳ аз хатмкунандагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд.
Маросими гусели наваскарон бо иштироки ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода, вакили парлумон Маҳмадалӣ Қурбонзода, омӯзгорону донишҷӯён ва волидон баргузор шуд.
“Ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода қаблан барои хатми муваффақонаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хатмкунандагонро табрик намуд. Бо ифтихору қаноатмандӣ аз иқдоми дастпарварони донишгоҳ барои ихтиёран сафарбар гардидан ба сафи Артиши миллӣ ибрози андеша намуд”, — иттилоъ доданд аз донишгоҳи мазкур.
Гуфта мешавад, ки соли равон 106 нафар хатмкунандагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ихтиёран барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза пешниҳод намудаанд. Ҳоло дар навбати аввал 40 нафари онҳо ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ