Хатнасури 180 нафар ниёзмандон
Бо дастгирии соҳибкорони шаҳри Исфара ва МИҲД-ии ин шаҳр хатнасури 180 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои ниёзманд баргузор карда шуд. Дар маросими туйи писарбачаҳо шаҳрдори Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ иштирок намуда, амали соҳибкорони маҳаллиро дар самти дастгирии ниёзмандон намунаи ибрат арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи ҳокими ин шаҳр дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷумла маъюбону пирони танҳо ва оилаҳои ниёзманд рисолати одамӣ ва асосии ҳар фарди доро ва имконияти молидошта мебошад.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ