Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Дар толори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расми ифтитоҳи хатсайри нави мустақиму мунтазам аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш роҳбарияти ширкати «Сомон Эйр», Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони корпусҳои дипломатӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз намуд, ки ин рӯйдод барои беҳбуди робитаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон мусоидат менамояд, зеро истифода намудани масири нави ҳавоӣ на фақат сафарҳоро байни шаҳрҳои Душанбе ва Остона осону мувофиқ менамояд, балки барои рушди соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ду кишвар низ хеле муҳим мебошад.
Ин хатсайр ба рушди соҳаи сайёҳии ду давлат такони ҷиддӣ бахшида, ба афзоиши шумораи сайёҳону ҷаҳонгардон мусоидат менамояд. Зеро тавассути истифодаи хатсайри Душанбе — Остона ва баръакс Остона – Душанбе метавон аз Душанбе ба 11 давлати дунё ва аз Остона ба 25 кишвари ҷаҳон парвоз анҷом дод.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои сешанбе анҷом дода мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ