Хатсайри нав: Новосибирск — Хуҷанд
Роман Старовойт мулоқотҳоро бо ҳайатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор кард.
Вазорати нақлиёти Русия дар доираи Ҳафтаи нақлиёт бо ҳайатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиётро баррасӣ кард.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳамтои руси худ масъалаҳои нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳанро муҳокима карданд. Дар назар аст, ки масири нави автобусии Новосибирск — Хуҷанд ба роҳ монда шавад.
Санаи дақиқи роҳандозии хатсайр ҳанӯз эълон нашудааст, вале қайд карда мешавад, ки ин метавонад дар ояндаи наздик рӯй диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ