«Хайр»-у «Равшан» аз лигаи олӣ берун монданд
8 феврали соли равон ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон теъдоди дастаҳоеро, ки дар мавсими соли 2017 дар Лигаи олии кишвар ширкат меварзанд, муайян кард.
Аз натиҷаи литсензиякунонии Лигаи футболи Тоҷикистон маълум гардид, ки дар Чемпионати 26-уми Тоҷикистон оид ба футболи Лигаи олӣ ҳамагӣ 8 даста ширкат меварзанд. Инҳо дастаҳои «Истиқлол», «Барқчӣ», КМВА «Помир» ( ҳама аз Душанбе), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) ва ғолиби мавсими соли гузаштаи лигаи якум «Панҷшер»- и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошанд.
Саволе ба миён меояд ки чаро дар ин рӯйхат дастаҳои маъруфи «Хайр»-и Ваҳдат ва «Равшан»-и Кӯлоб нестанд. Посух доданд, ки ин ду даста аз маросими литсензиякунонии Лигаи футболи Тоҷикистон ва Конфедератсияи футболи Осиё нагузаштанд. «Равшан» дар ҳолати душвори молиявӣ қарор дорад. «Хайр» низ ба ҳамин аҳвол гирифтор аст. Инчунин, вазъи варзишгоҳи шаҳри Ваҳдат ба талаботи литсензиякунонӣ ҷавоб намедиҳад. Бинобар ин, «Равшан»-у «Хайр» мавсими соли равонро дар лигаи якум мегузаронанд.
Чемпионати 26-уми Тоҷикистон-2017 дар се давра баргузор мешавад. Аз рӯйи натиҷаи ин давраҳо ҳар даста 21 вохӯрӣ доир менамояд. Қуръакашии тақвими Лигаи олӣ рӯзи ҷумъаи 10 феврал баргзор мешавад. Кумиҷроияи ФФТ пешниҳоди Лигаи футболи кишварро доир ба дастае, ки дар ҷамъбасти мавсим ҷойи охиринро ишғол мекунад, тарки Лигаи олӣ мекунад, тасдиқ намуд. Ва дастае, ки мақоми 7-умро соҳиб мешавад, бо дастаи барандаи нуқрагини лигаи якум бозии гузариширо мегузаронад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ