Хайрулло Ибодзода ба Нурсултон Назарбоев Эътимодномаи супорид

Сафири Фавқулода ва МухториҶумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода 6 феврал дар Кохи «Ақорда» ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора  бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Президенти Қазоқистон зимни муроҷиат ба сафирон, таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байнидавлатиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла, Сарвари Қазоқистон иброз дошт, ки Қазоқистон ба рушди муносибатҳои анъанавии мутақобилан судманд ва стратегӣ бо Тоҷикистон аҳамияти хосса дода, ба ҳамкории Остона ва Душанбе дар доираи чунин созмонҳо, аз қабили ИДМ, СААД, СҲШ ва ғ. фаъолона таҳким мебахшад. Ӯ ба Тоҷикистон дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ раёсати бомуваффақият таманно намуда, омодагии худро барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳор дош.

Дар фарҷом Н. Назарбоев сафиронро бо оғози расмии фаъолияти дипломатиашон дар Қазоқистон табрик гуфта, ба онҳо дар кори рӯзмарраашон муваффақият орзу намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *